Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақрибан 40 дарсади аҳолии Сурия ба кӯмакҳои башарӣ ниёз доранд


Сурия, навбат барои гирифтани кӯмакҳои башарӣ
Сурия, навбат барои гирифтани кӯмакҳои башарӣ
СММ мегӯяд, ки ҳоло дар Сурия тақрибан 40 дарсади аҳолӣ ба кӯмакҳои башарӣ ниёз доранд. Валерие Амос-раиси бахши кӯмакҳои башарии СММ рӯзи душанбе дар Шӯрои Амнияти СММ гуфт, ки бӯҳрони босуръат ва харобиовари Сурия давом мекунад.

Хонум Аманда Питт-сухангӯи Амос гуфт, ки ҳоло 9,3 миллион нафар аҳолии Сурия ба кӯмак ниёз доранд, дар ҳоле, ки ин шумора дар моҳи сентябр 6,8 миллион нафарро ташкил мекард. Бештар аз нисфи онҳо аҳолие мебошанд, ки дар ҷангҳо аз маҳали зисти худ беҷо шудаанд.

Амос аз Шӯрои Амният хост, ки аз эътибори сисёсии худ кор бигирад, то режими Сурия ва мухолифонро мутмаин созад, ки кӯмакҳои башарӣ ба аҳолии ниёзманд бирасад.
XS
SM
MD
LG