Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Cанкт-Петербург ҷасади 2 муҳоҷири кориро пайдо карданд


Ду муҳоҷири корӣ аз Қирғизистон ва Узбакистон дар шаҳри Санкт-Петербург бо зарби корд ба қатл расидаанд. Рӯзи сешанбе мақомоти пулис гуфтанд, ки як шаҳрванди 36 солаи Қирғизистонро пайдо карданд, ки аз захми корд ҷон додааст. Баъдтар дар назди истгоҳи метрои Рибацкое шаҳрванди Узбакистонро дар чунин ҳолат пайдо кардаанд.

Рӯзи душанбе миллатгароёни рус дар истгоҳи метрои наздикии бозор ба даҳҳо нафар муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз ҳамла бурданд. Баъд аз ин ҳамла миллатгароён дар раҳпаймоие дар робита бо Рӯзи Ваҳдати Русия ширкат ҷустанд. Пулис 50 нафар миллатгароёнро боздошт кард.
XS
SM
MD
LG