Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Росатом" дар Урдун нерӯгоҳи атомӣ месозад


Ширкати «Росатом»-и Русия ҳаққи бунёди нахустин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар Урдунро ба даст овард. Дафтари матбуоти ширкати русӣ рӯзи ҷумъа гуфт, бар асоси қарордод, «Росатом» дар нерӯгоҳи барқи атомӣ, ки дар шимолуғарби кишвар воқеъ мешавад, ду реактор хоҳад сохт. Арзиши тарҳ 10 миллиард доллар аст. Дар озмун барои дарёфти ҳаққи бунёди нерӯгоҳ, «Росатом» бар консорсиуми Арева ва Митсубиши ширкатҳои фаронсавию ҷопонӣ пирӯз шудааст. Мақомоти Урдун умедворанд, нерӯгоҳи мазкур то соли 2020 12 дар сади эҳтиёҷи кишвар ба нерӯи барқро бароварда месозад.
XS
SM
MD
LG