Пайвандҳои дастрасӣ

Дар фурудгоҳи Лос Анҷелес тир андохтаанд


Баъди тирандозӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Лос Анҷелеси Амрико парвози ҳавопаймоҳо аз ин фурудгоҳро боздоштанд. Мақомоти фурудгоҳ дар як баёнияи катбӣ гуфтаанд, ки ба ғайр аз қабули ҳавопаймоҳо, тамоми парвозҳоро мутаввақиф кардаанд. Хадамоти Федеролии Амнияти Амрико ва ё FBI гуфт, ки дар терминали саввуми фурудгоҳи Лос Анҷелес тирандозӣ сурат гирифтааст ва афсарон маълум мекунанд, ки чанд нафар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд. Рӯзномаи "Лос Анҷелес Таймс" мегӯяд, ки як маъмури амниятии фурудгоҳро тир задаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз вуқӯъи ин ҳодиса дар ҷараён гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG