Пайвандҳои дастрасӣ

Ақибнишинии Дмитрий Медведев аз "ҷанги газ" бо Украина


Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия мегӯяд, вай дар марҳилаи кунунӣ сабаби қатъи интиқоли гази Русия ба Украинаро барои пардохт накардани қарзи газ намебинад.

Дар мусоҳибае бо хабаргузории Ройтерз Медведев гуфт, дархости Русия дар бораи пардохти 882 миллион доллар қарзи Украина барои гази истифодашуда дар моҳи август ба талошҳои Украина, ки мехоҳад бо Иттиҳодияи Аврупо қарордоди ҳамкорӣ имзо кунад, иртибот надорад. Интизор меравад, ки Украина ин қарордодро моҳи ноябр дар мулоқоти Вилнюс ба имзо расонад.

Медведев гуфт, ин қонун аст ва барои моли гирифта бояд пулашро бидиҳӣ. Вале вай эътироф кард, ки “муносиботи махсус”-и Маскав ва Киев тағир хоҳад кард, агар Украина ба Иттиҳодияи Аврупо наздик шавад.
XS
SM
MD
LG