Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон ва Исроил муқаррароти раводидро лағв мекунанд


Ҳукумати Исроил эълон кард, ки дархости виза ё раводидро барои шаҳрвандони Гурҷистон аз миён мебардорад. Зив Элкин-муовини вазири корҳои хориҷаи Исроил рӯзи панҷшанбе дар Тифлис ба хабарнигорон изҳор дошт, ки ин тасмим ба зудӣ ба иҷро хоҳад даромад, ба маҳзи ин ки масъалаҳои фании вобаста ба он ҳал шавад.
Майа Панҷикадзе-вазири корҳои хориҷаи Гурҷистон гуфт, санад дар бораи сафари бидуни раводид ба Исроил барои шаҳрвандони Гурҷистон бо шиносномаҳои дипломатӣ ва расмӣ баъд аз як ҳафта эътибор пайдо мекунад.

Вале шаҳрвандони Гурҷистон, ки шиносномаҳои маъмулии сафар доранд, бидуни раводид баъд аз чанд моҳи имзои қарордод ва эътибор пайдо кардани он метавонанд ба Исроил сафар кунанд.

Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазири Гурҷистон гуфт, ки муқаррароти бидуни раводид миёни ин ду кишвар дар ҷараёни боздиди моҳи июни вай аз Исроил ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG