Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доду фарёди мақоми Узбакистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ


Акмал Саидов дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женев
Акмал Саидов дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женев

Дар Жененва ҷараёни баррасии гузориши Узбакистон роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар бо доду фарёди ғазаболуд ва мушт бар рӯи миз задани Акмал Саидов-раҳбари ҳайати Узбакистон ба поён расид.

Дар гузориши СММ омада буд, ки бояд ин кишвар аз шиканҷа пешгирӣ кунад ва ҳар кас, ки даст ба ин кор мезанад, бояд ба муҷозот кашонда шавад. Кумитаи зидди шиканҷаи СММ рӯзи сешанбе ҳангоми баррасии ин мавзӯъ аз гузоришҳо дар бораи шиканҷаи густарда дар Узбакистон ҷиддан изҳори нигаронӣ кард. Ин гузоришҳо шиканҷа, боздоштҳои ғайриқонунӣ, бадарғаи иҷбории фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мудофеони ҳуқуқи башар ва истифодаи хеле зиёд аз шеваҳои дардовар ҳангоми бозпурсиро дар бар мегирифт.

Коршиносон ҳамчунин мавзӯи кори иҷборӣ ва истифода аз нируи кӯдакон, ба вижа дар давраи ҷамъоварии ҳосили пахтаро матраҳ карданд ва чанд гузориши бахши узбакии радиои Озодиро дар ин маврид намуна оварданд.

Акмал Саидов-раиси Маркази миллии ҳуқуқи башари Узбакистон, ки раҳбарии ҳайати кишварашро дар ҷаласаи Женев бар уҳда дошт, Кумитаи зидди
шиканҷаи СММ муттаҳам кард ва гуфт, ки ҳамаи ин гузоришҳо ангезаи сисёсӣ дорад. Вай гуфт, ин кумита бар асоси маълумоту гузориши созмонҳои ғайридавлатӣ ба чунин хулоса расидааст, дар ҳоле, ки гузоришу маълумоти таҳиякардаи ҳукумати Узбакистонро нодида мегирад. Вай гуфт: “Чунин бармеояд, ки ман ҳама чизро бисёр хуб мегӯям, вале шумо ҳама чизро хеле бад мегӯед. Пас воқеият куҷост? Ман ба кӣ бовар кунам? Вақте, ки шумо ҳамон як гузоришро мехонед, хулосаи комилан баръакс мебароред. Мо хостори арзёбии бетарафона ҳастем, на арзёбиҳои дорои ангезаҳои сисёсӣ ва ё тарзи дигар”.

Қабл аз ин рӯзи сешанбе Саидов ҳангоми муаррифии гузориш дар бораи ислоҳоте сӯҳбат кард, ки ҳукумат барои иҷрои Аҳдномаи СММ бар зидди шиканҷа анҷом додааст. Ин аҳдномаро Узбакистон соли 1995 ба тасвиб расонда буд.

Кумитаи СММ дар ҷавоб гуфт, ки гузориши онҳо бо назардошти гузоришҳо аз сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла аз ниҳодҳои СММ, таҳия шудааст. Дар суолҳо ба намояндагони Узбакистон аъзои Кумитаи СММ намунаҳои мушаххаси шиканҷаро мисол оварданд, ки дар соли 2013 роҷеъ ба онҳо гузориш дода шудааст.

Саидов боз ҳам аъзои кумитаро муттаҳам мекард, ки онҳо маълумоти кӯҳнаро истифода бурдаанд. Вай гуфт: “Шумо бар зидди мо боз ҳам маълумоти кӯҳнаро дар бораи шиканҷаи мунтазам меоред. Раиси муҳтарам, ман аз шумо бисёр хоҳиш мекунам, ки ҳуқуқи байналмиллалиро риоят ва аз он пайравӣ кунед. Дар муқарраоти байналмиллалӣ мафҳуми истифода аз шиканҷаи мунтазам вуҷуд надорад. Ин сухани ман нест. Инро гузоришгари пешини СММ Манфред Новак гуфта буд”.

Баъд аз суханрониҳои ғазаболуди Саидов хонум Фелис Гир-муовини раиси кумита ва гузоришгар барои Узбакистон гуфт, ки кумитаи онҳо фақат далелҳоро дар назар мегирад. Вай хитоб ба Саидов гуфт: “Агар шумо далел оварда натавонед, қонунро мисол меоред. Агар аз қонун чизе пайдо накардед, муштатонро ба рӯи миз мезанед” ва афзуд, ин аст, он чӣ, ки кумита дар баррасиҳо мушоҳида кард.

Ҷулиа Ҳолл-намояндаи Amnesty International ё Афви Байналмиллал, ки дар баррасиҳои рӯзи сешанбе ширкат дошт, ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳайати Узбакистон амалан натавонист ба суолҳои кумита ҷавоб диҳад.“Ба ҷои гуфтугӯи солим, ба ҷои табодули маълумот ва гуфтани ин нукта, ки дар куҷо пешрафтҳо ба даст омадааст ва ҳанӯз дар чӣ бахшҳо бояд кор кард, ҳайати Узбакистон ин ҷо нишастааст ва ҳама чизро инкор мекунад ва доду фарёд мезанад. Ин ҳеҷ гоҳ наметавонад роҳи муваффақиятомези ба ҳам омадани ҷомеаи байналмиллалӣ бо як ҳадаф, яъне решакан кардани шиканҷа, решакан кардани кори кӯдакон ва амсоли он арзёбӣ шавад. Ҳайати Узбакистон монеа аст”.

Дар суханони ниҳоии худ Акмал Саидов гуфт, ки ҳайати Узбакистон ба суолҳои муҳими Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ҷавоби хаттӣ хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG