Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амиқтарин нақби зериобӣ дар Туркия гушоиш меёбад


Рӯзи сешанбе дар Туркия нақби зериобии роҳи оҳан гушоиш меёбад. Мақомоти Туркия умед доранд, ки қаторҳо тавассути ин нақб рӯзе 1,5 миллион нафар мусофирро интиқол диҳанд ва гиру бори мошинҳо дар Истамбул камтар шавад.

Ин нақби зериобӣ қисматҳои осиёӣ ва аврупоии Туркияро ба ҳам мепайвандад ва 13,6 километр масофа дорад. Нақб дар умқи 1,4 километр дар зери об аз зери гулӯгоҳи Босфор мегузарад, гулӯгоҳе, ки Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Мармарро мепайвандад. Ин гулӯгоҳ Истамбулро ба қисмати аврупоӣ ва осиёӣ ҷудо кардааст.

Нақби Туркия чуқуртан нақби зериобӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Сохтмони ин нақбро тақрибан 150 сол пеш пешниҳод карда буданд. Вале он яке аз тарҳҳои бузурги давраи раҳбарии нахуствазир Эрдуғон арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG