Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Саакашвилӣ машғули боздид аз Бруссел аст


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон, ки акнун баъд аз интихоботи рӯзи якшанбе мақоми худро тарк мекунад, машғули боздид аз Бруссел аст. Вай рӯзи сешанбе дар он ҷо дар остонаи мулоқоти калидӣ бо номи Ҳамкориҳои Шарқ бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо музокира анҷом медиҳад. Ин мулоқот моҳи ноябр дар Вилнюс баргузор мешавад.

Гурҷистон умедвор аст, ки дар мулоқоти 28-29 ноябр дар Вилнюс бо Иттиҳодияи Аврупо қарордоди ҳамкорӣ ва тиҷорати озодро имзо кунад. Саакашвилӣ гуфт, ин мулоқот ҳамзамон “иқдоми ниҳоӣ ва рамзӣ”-и раёсати вай хоҳад буд.

Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи якшанбе нишон медиҳад, ки Георгӣ Маргвелашвилӣ бо 62 дарсади оро пируз шудааст. Вай аз сӯи эътилофи ҳокими “Руъёи Гурҷиҳо” номзад пешбарӣ шуда буд. САҲА ин интихоботро “мусбат ва шаффоф” арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG