Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои медалҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон авҷ мегирад


Рӯзҳои 30-31-уми октябр бозиҳои даври 16-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Се бозӣ рӯзи чоршанбеи 30-юми октябр барпо мегардад. “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тими меҳмон – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва дастаи мизбон - “Хайр”-и Ваҳдат бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунанд.
Бозии охирини даври 16-ум миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истаравшан”-и Истаравшан рӯзи панҷшанбеи 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор хоҳад шуд.

То анҷоми мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ 23 бозии дигар мондааст. Барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон ду дастаи пешсаф – “Равшан” ва “Истиқлол” талош доранд. Футболбозони Кӯлоб, ки ду бозӣ камтар кардаанд, барои гирифтани медалҳои тиллои мусобиқот нисбат ба рақибони аслии худ имкони хубтару бештар доранд. Дарвоқеъ, “Равшан” ягона дастаест, ки то ҳоло дар бозиҳои имсолаи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар мағлуб нашудааст.
Барои медалҳои биринҷии мусобиқот дастаҳои “Хайр” ва “Регар-ТадАЗ” мубориза мебаранд. Бозии даври 16-ум миёни ҳарду даста, ки рӯзи чоршанбе дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад, бозии асосӣ ва то як андоза ҳалкунанда маҳсуб мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Истиқлол» 14 11 1 2 37-6 34
2. «Равшан» 12 11 1 0 18-3 34
3. «Хайр» 14 7 5 2 22-13 26
4. «Регар-ТадАЗ» 13 7 2 4 18-14 23
5. «Хуҷанд» 14 4 5 5 13-15 17
6. «Энергетик» 15 4 4 7 13-19 16
7. «Парвоз» 13 3 5 5 11-20 14
8. «Вахш» 13 2 3 8 5-13 9
9. ССКА «Помир» 13 1 4 8 7-17 7
10. «Истаравшан» 12 1 2 9 7-29 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / «Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов («Истиқлол») ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 5-тӯбӣ.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон
миёни дастаҳои лигаи олӣ

Даври 16-ум
30-юми октябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳосоати 15.00

«ИСТИҚЛОЛ» - «ПАРВОЗ». Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«ВАХШ» - «ХУҶАНД». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
«ХАЙР» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».

31-уми октябр (панҷшанбе)

«РАВШАН» - «ИСТАРАВШАН». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 19-ум
3-юми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00

«ХАЙР» - «ИСТИҚЛОЛ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«ПАРВОЗ» - «РАВШАН». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ВАХШ». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».
ССКА «ПОМИР» - «ИСТАРАВШАН». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Бозии даври 18-ум
7-уми ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00

«РАВШАН» - ССКА «ПОМИР». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 20-ум
8-уми ноябр (ҷумъа)
Оғози бозиҳосоати 14.00

«ИСТАРАВШАН» - «ПАРВОЗ». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«ВАХШ» - «ЭНЕРГЕТИК». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

10-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ХУҶАНД» - ССКА «ПОМИР». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«РАВШАН» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 21-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00

«ЭНЕРГЕТИК» - «РАВШАН». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
«ХАЙР» - «ВАХШ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«ПАРВОЗ» - «ХУҶАНД». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ИСТАРАВШАН». Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

Бозии даври 15-ум
13-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозӣсоати 14.00

ССКА «ПОМИР» - «ИСТИҚЛОЛ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Даври 22-юм
17-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00

«ИСТАРАВШАН» - «ЭНЕРГЕТИК». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«РАВШАН» - «ХАЙР». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
ССКА «ПОМИР» - «ПАРВОЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
«ХУҶАНД» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«ВАХШ» - «ИСТИҚЛОЛ». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
XS
SM
MD
LG