Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 26 нафар дар таркишҳои Бағдод


Дар таркиши чанд мошини бамгузоришуда дар Ироқ тақрибан 26 нафар дар Бағдод-пойтахти ин кишвар ба қатл расидаанд. Мақомоти Ироқ мегӯянд, ки бамгузориҳои рӯзи шанбе дар бозорҳои пуродами маҳалоти шианишини шаҳр рух додааст.

Тақрибан дар 7 таркиш дар нуқоти гуногуни шаҳр 70 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар бозори маҳаллаи Шаъоб дар шимоли Бағдод ду мошини бамгузоришуда баробар таркида ва 5 нафар кушта шудаанд. Он яке аз таркишҳои шадид ба шумор меравад.

Моҳи ҷорӣ дар бамгузориҳо дар Ироқ бештар аз 500 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз соли 2008 муноқишаҳои мазҳабӣ дар Ироқ идома дорад.
XS
SM
MD
LG