Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони Аврупо дар Брюссел


Нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо (ИА) шоми панҷшанбе дар Брюссел дар ҳоле шурӯъ шуд, ки иттилоъ нав дар бораи аз сӯи хадамоти кашфи Амрико гӯш кардани телефонҳои шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ боиси сару садоҳои зиёд гардид.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел баъд аз расидан ба пойтахти Белгия изҳор намуд, ки “дӯстон набояд аз пушти ҳамдигар ҷосусӣ кунанд”. Ӯ афзуд, ҳоло гомҳои нав барои эҳёи эътимод миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида зарур аст.

Хонум Меркел дар ташреҳи хабари аз сӯи хадамоти кашфи Амрико пайгирӣ кардани зангҳои телефонияш гуфт, гап на фақат аз ҳаққи ӯ, балки аз ҳаққи ҳама шаҳрвандон ба зиндагии хусусӣ меравад.

Аз ин пеш раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар сӯҳбат бо Ангела Меркел ӯро итминон дод, ки хадамоти кашфи Амрико ҳеҷ гоҳ зангҳои телефонии садри аъзами Олмонро пайгирӣ накардаанд ва нахоҳанд кард.

Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, барои он пойфишорӣ дорад, ки ба рӯзномаи нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо мавзӯи ҷосусӣ изофа карда шавад. Мавзӯҳои асосии нишасти Брюссел – чораҳо барои эҳёи иқтисоди аврупоӣ ва ҳалли мушкили муҳоҷирони ғайриқонуне, ки аз шимоли Африқо ва Ховари Миёна ба Аврупо меоянд, эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG