Пайвандҳои дастрасӣ

Корманди кумитаи тафтишотии Доғистон дар таркише захмӣ шудааст


Як корманди Кумитаи тафтишоти бахши маҳаллии Русия дар Махачқалъа-маркази Доғистон дар як талоши суиқасд шадидан маҷруҳ шудааст. Кормандони ин кумита дар Махачқалъа мегӯянд, ки ҳамкори онҳо рӯзи панҷшанбе баъд аз таркиши мошине, ки савори он буд, дар бемористон бистарӣ шудааст. Аз ин корманд ном бурда намешавад ва маводи тарканда дар зери мошинаш гузошта шуда будааст.

Ҳамчунин рӯзи панҷшанбе як таркиши дигар дар сари роҳи корвони мошинҳои нируҳои дохила дар роҳи мошинрави Хасавюрт-Бобоюрт рух додааст. Касе дар ин ҳодиса осеб надидааст.

Шӯришиён дар Доғистону Ингушистон,Чеченистону Қабардино-Балқар зуд-зуд ба нируҳои пулис ҳамла меоранд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки шӯришиён мехоҳанд дар Қафқоз давлати исломӣ ташкил кунанд.
XS
SM
MD
LG