Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лондон мегӯяд, Башор Асад дар ҳукумати оянда ҷой нахоҳад дошт


Виллиям Ҳейг
Виллиям Ҳейг
Дипломатҳои ғарбӣ ва намояндагони кишварҳои арабӣ рӯзи сешанбе дар Лондон дар мулоқоти “Дӯстони Сурия” ширкат ҷустанд ва ба натиҷае расиданд, ки Башор Асад-раиси ҷумҳури кунунии Сурия наметавонад ба ҳукумати муваққати давраи гузори Сурия дохил шавад.

Дар ин бора Виллиям Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия хабар дод. Ширкаткунандагони мулоқоти Лондон, ки аз вазирони корҳои хориҷа иборат буданд, мухолифони Сурияро муваззаф карданд, ки бояд онҳо моҳи оянда дар конфронси байналмиллалӣ роҷеъ ба Сурия ширкат ҷӯянд. Ин конфронс барои моҳи оянда дар Женев дар назар гирифта шудааст.

Аммо рӯзи душанбе Башор Асад изҳор дошт, ки омода аст соли 2014 дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзадии худро пешбарӣ намояд.
XS
SM
MD
LG