Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо гуфтугӯи узвият бо Туркияро аз сар мегирад


Вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат кардаанд, баъд аз се соли танаффус, марҳилаи нави гуфтугӯҳо барои пазируфтани Туркия ба ин иттиҳодия шурӯъ шавад. Вазирони 28 кишвари узв дар ин бора дар Люксембург сӯҳбат доштанд ва гуфтанд, ки рӯзи 5 ноябр бо Туркия дар бораи масоили минтақавӣ сӯҳбат хоҳанд кард. Стефан Фюле, масъули умури густариши Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи сешанбе бо нашри баёнияе, қарор дар бораи аз сар гирифтани гуфтугӯҳоро як ”гоми муҳим” хонд. Иттиҳодияи Аврупо аз Туркия мехоҳад, қабл аз оғози музокирот дар бораи узвият ислоҳоти амиқи сиёсиву иҷтимоӣ анҷом диҳад. Бинобар саркӯби хушунатомези тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Туркия дар аввалҳои ҳамин сол, Иттиҳодияи Аврупо гуфтугӯҳо бо Анкараро ба таъхир андохт.
XS
SM
MD
LG