Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуръакашии Ҷоми АФК-2014 –11 декабр


Қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми АФК-2014 рӯзи 11-уми декабр дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё – пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур баргузор мешавад.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013 гардид, яке аз роҳхатҳоро ба Ҷоми АФК-2014 соҳиб шуд. Роҳхати дувумро аз Тоҷикистон қаҳрамони имсолаи кишвар ба даст меорад.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқоти соли гузашта барои дарёфти Ҷоми АФК Тоҷикистонро дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони кишвар ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2012 намояндагӣ карда буданд.

Дастаи “Равшан” имкон дорад, ки соли оянда боз дар Ҷоми АФК ширкат варзад. Футболбозони шаҳри Кӯлоб дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ низ муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Тоҷикистон мебошанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Равшан» 12 11 1 0 18-3 34
2. «Истиқлол» 13 11 0 2 37-6 33
3. «Хайр» 14 7 5 2 22-13 26
4. «Регар-ТадАЗ» 12 6 2 4 14-13 20
5. «Энергетик» 13 4 3 6 12-15 15
6. «Хуҷанд» 13 3 5 5 11-15 14
7. «Парвоз» 12 3 4 5 10-19 13
8. «Вахш» 11 2 2 7 4-11 8
9. ССКА «Помир» 13 1 4 8 7-17 7
10. «Истаравшан» 11 0 2 9 6-29 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 11тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов («Истиқлол») ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 5-тӯбӣ.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 15-ум
23-юми октябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Регар-ТадАЗ» - «Энергетик»
«Истаравшан» - «Вахш»

Даври 18-ум
26-уми октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Истаравшан» - «Хуҷанд»
«Равшан» - ССКА «Помир»
«Вахш» - «Парвоз»
«Истиқлол» - «Энергетик»
XS
SM
MD
LG