Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии А.Юнусов дар қаҳрамонии бокси дунё


Боз як муштзани тоҷик–Анвар Юнусов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Алмаатои Қазоқистон дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрд.

Муштзани машҳури тоҷик Анвар Юнусов, ки аз даври аввал озод буд, дар даври дувум шоми якшанбе, 20-уми октябр дар вазни то 60 кг аз Дайсуке Нариматсу (Ҷопон) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Ба ин тартиб, аз 7 муштзани тоҷик то имрӯз алакай панҷ нафар аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқот муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг аз Леван Гуледани (Гурҷистон) аз рӯи имтиёзҳо бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Ораз Афзалшоев низ дар даври аввал дар вазни то 56 кг аз рақибаш Ҷовид Чалабиев (Озарбойҷон) мағлуб гашт.

Боз ду муштзани тоҷик - Наврӯз Ҷафоев ва Меҳроҷиддин Каримов дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.Наврӯз , ки дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг аз даври аввал озод буд, дар даври 1/16-ниҳоӣ аз Азизбек Абдуғафуров (Узбакистон) дар сонияҳои охирини қувваозмоӣ бо нокдаун мағлуб шуд. Меҳроҷиддин, мулаққаб ба «Гулливери тоҷик», дар вазни беш аз 91 кг нахустин қувваозмоияшро ба Кумар Сатиш (Ҳиндустон) бохт.

Ва аммо ду нафар - Шаҳриёр Аҳмадов ва Шавкатҷон Раҳимов ба даври севум роҳ ёфтаанд. Шаҳриёр, ки дар даври аввал дар вазни то 52 кг бар рақибаш Александр Шепелюк аз Украина пирӯз шуда буд, дар даври дувум бар ҷоизадори Олимпиадаи Пекин-2008 Винчентсо Пикарди аз Италия дастболо гардид. Муштзани тоҷик дар даври севум бо Янтони Маркано аз Пуэрто-Рико, қувваозмоӣ хоҳад кард.

Шавкатҷон Раҳимов, ки дар даври аввал дар вазни то 64 кг бар рақибашАдилсон Ҷустино (Ангола) ғолиб омада буд, дар даври дувум бар рақиби пуртаҷрибааш Бранимир Станкович аз Сербистон пирӯз гашт. Шавкатҷон дар даври севум бо Ермек Сакенов аз Қирғизистон вориди рақобат мешавад.

Қувваозмоиҳои даври пешакӣ то 22-юми октябр идома меёбанд. 23-юми октябр даври чорякниҳоӣ, 25-уми октябр даври ниманиҳоӣ ва 26-уми октябр даври ниҳоӣ баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG