Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузори маргталаб 16 сарбози Сурияро кушт


Дар Сурия дар як бомбгузории интиҳорӣ дар посгоҳи артиш дар наздикии шаҳри Димишқ дасти кам 16 сарбоз кушта шудаанд. Расонаҳои давлатии Сурия гуфтанд, ки дар маҳаллаи Ҷаромана инфиҷори қавие ба вуқӯъ пайваст ва чанд нафар талаф шуданд. Аммо теъдоди қурбониёнро ошкор накарданд, вале гуфтанд, ки бомбгузорӣ кори дасти «террористон» будааст, ки манзур аз ин шӯришиёни Сурия ҳастанд. Созмони Назорат бар Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар шаҳри Лондон қароргоҳ дорад, гуфт, ки ҳамла кори дасти Ҷабҳат ал-Нусра, як шарики Ал-Қоида будааст, ки мехостааст, посгоҳи артиш дар Ҷароманаро ишғол кунад. Ин посгоҳ дар наздикии шаҳри Млейҳа ҷойгир шудааст, ки дар тассаруфи шӯришиён аст. Ҷаромана, маҳаллаи умдатан масеҳинишин аст, ки аксарияташон тарафдори Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳастанд.
XS
SM
MD
LG