Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саҳмияҳои Гугл аз 1000 доллар ҳам гаронтар шуд


Қимати саҳмияҳои ширкати бузурги интернетии Гугл, бори аввал аз 1000 доллар ҳам гузашт. Рӯзи ҷумъа ҳар саҳмияи ин ширкатро то 1 ҳазорy 15 сент низ мехариданд. Сабаби зиёд шудани тақозо ба саҳмияҳои Гугл, ки дар Калифорнияи Амрико қароргоҳ дорад, афзоиши даромади семоҳаи ширкат будааст. Гугл мегӯяд, ки дар се моҳи гузашта даромадаш 36 дар сад афзоиш ёфтааст. Арзиши саҳмияҳои Гугл, ки торнамои Ютюб ва системаи телефонии Андроидро дар даст дорад, тайи 5 соли гузашта ду баробар боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG