Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Амрико ба варшикастагии қарз дучор нашуд


Мич Мак Коннел-раҳбари ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон дар Сенат
Мич Мак Коннел-раҳбари ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон дар Сенат

Сенати Амрико як рӯз пеш аз хатми зарублаҷали расидан ба дефолт ба тавофуқ расид ва ин кишварро аз варшикастагии қарз нигоҳ дошт.

Ҳадди ахири ин мӯҳлат 17 октябр буд. Раҳбарони Сенати Амрико барои пешгирӣ аз варшикастагии қарзи ин кишвар ва дубора ба фаъолият шуруъ кардани ҳукумат ба тавофуқ расидаанд. Дар давоми 16 рӯзи моҳи октябр ҳукмати Амрико қисман аз фаъолият бозмонда буд.

Келлӣ Айотт-сенатори ҷумҳурихоҳон аз Нию Ҳамшаэр гуфт, ки ҷузъиёт дар бораи ин тавофуқотро Ҳаррӣ Рейд-раҳбари ҷиноҳи демократҳо дар Сенат ва Мич Мак Коннел-раҳбари ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон дар Сенат эълон мекунанд.
Ба гуфтаи Айотт, барои ин тавофуқот аввал дар Маҷлиси Намояндагон рай медиҳанд, то фурсат барои тасвиби он зудтар фаро расад.

Баъд аз нашри гузоришҳо дар бораи тавофуқоти ба даст омада дар бораи қатъи варшикастагии қарз нархи саҳом дар бозорҳо, аз ҷумла дар Дов Ҷонс (Dow Jones) 200 нуқта боло рафт ва он 1,3 дарсадро ташкил медиҳад.
Вазорати молияи Амрико мегӯяд, ки тавофуқи ҳосилшуда имкон медиҳад, ки фаъолияти ҳукумат сармоягузорӣ шавад ва ҳадди болоии қарз аз 16,7 триллион доллар бигзарад.

Дар рӯзҳои бӯҳрони қарзи Амрико Барак Обама-раиси ҷумҳури ин кишвар гуфт, қатъи кори ҳукуматаш, ки ба иллати норозигии Конгресс бо тарҳи буҷа иттифоқ афтод, эътимод ба Амрикоро дар ҷаҳон коҳиш медиҳад.

Президент Обама, ки аз вазъи феълӣ афсурда ба назар мерасид, ба хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфта буд, ки омодааст ҳама гуна масъалаҳои марбут ба буҷаро бо ҷумҳурихоҳон баррасӣ кунад, аммо чунин шеваи корро, ки онҳо ҳукуматро ба навъе гаравгон гирифтаанд ва гаравпулӣ тақозо мекунанд, қабул надорад. Вай изофа кард, ки вазъи феълӣ эътимод ба Амрикоро дар саросари ҷаҳон коста мекунад ва иқтисоди ин кишварро ба самти дефолт мебарад.

Дар Маҷлиси Намояндагон, ки аз тарафи ҷумҳурихоҳон назорат мешавад, ҷиноҳи “Ҳизби чой” ба барномаи бимаи саломатӣ, ки Обама пешниҳод намудааст, шадидан мухолиф нишон дод ва талаб кард, ки ин тарҳ аз байн бурда шавад. Обама такрор ба такрор таъкид мекард, ки тасвиби буҷа ва баҳси марбут ба бимаи саломатиро бояд аз ҳам ҷудо кард. Вай мегуфт, ки бояд тарҳи буҷа қабул шавад ва баҳс дар бораи тарҳи бима идома ёбад.
Дар давоми чанд рӯз ба сабаби ба тасвиб нарасидани тарҳи буҷа кори бахши умдаи хадамоти давлатӣ дар Иёлоти Муттаҳида қатъ шуда, кормандон ба рухсатии бемузд рафтаанд. Танҳо бахшҳои умдаи марбут ба амният ва нақлиёти ҳавоӣ кори худро идома медоданд.
Обама ҳамчунин ҷумҳурихоҳонро ҳушдор дод, ки зарфияти қарзгирии давлатро густариш диҳанд, то ҳукумат тавонад, ба “шатдаун” ё қатъи кори худ расидагӣ кунад. Вай гуфт, боло бурдани ҳадди аксари зарфияти қарзи Амрико ба маънои афзоиши худи қарз набуда, манзур танҳо таҳкими эътимод ба Амрико дар ҷаҳон аст.
Сандуқи Байнулмилалии Пул рӯзи сешанбе ҳушдор дод, ки боло набурдани ҳадди аксари зарфияти қарзгирии Амнрико, ки ин кишварро бо дефолт рӯбарӯ мекунад, метавонад ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ занад.
Вале акнун чунин ба назар мерасад, ки Амрико ин марҳилаи мушкилро паси сар кардааст ва ҳукумат ба фаъолияти пурраи худ идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG