Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси буҷаву қарзи Амрико "ба ҷое нарасидааст"


Вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси Намояндагони Амрико натавонистанд, муҳофизакоронро ба қабули барномаи аз сар гирифтани кори ниҳодҳои ҳукуматӣ ва боло бурдани сақфи қарзи давлатии Амрико мойил кунанд. Тарҳи пешниҳодии онҳоро ҳамчунин ҳукумати Амрико ва вакилони Ҳизби Демократ дар сенат рад карданд. Кохи Сафед тарҳи пешниҳодии ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси Намояндагонро, “талоши якҷониба барои баҳам задани талошҳои неки дуҷониба” номид. Вакилони демократ ва ҷумҳурихоҳ дар сенати Иёлоти Муттаҳида саъй доранд, дар масъалаи тарҳи буҷаи Амрико ва боло бурдани сақфи қарзи давлатӣ ба мувофиқа бирасанд. Ҷумҳурихоҳон мехоҳанд, ки ҳукумати Амрико дар ивази қабули тарҳи буҷа, қонун дар бораи бимаи ҳатмии тиббиро бознигарӣ кунад. Қабул нашудани тарҳи буҷаи Амрико дар се ҳафта пеш сабаби аз кор мондани нисфе аз ниҳодҳои давлатии Иёлоти Муттаҳида шуд. Вазорати молияи Амрико мегӯяд, агар сақфи қарзи давлатиро то рӯзи 17 октябр боло набаранд, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида варшикаста хоҳад шуд, ки мумкин аст оқибатҳои баде барои иқтисоди ҷаҳонӣ ҳам дошта бошад.
XS
SM
MD
LG