Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои "хуш"-у "нохуш"-и Бонки ҷаҳонӣ аз рушди иқтисод


Бонки ҷаҳонӣ боло рафтани иқтисоди кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказиро, ки баъд аз бӯҳрони сартосарии молиявӣ ва бӯҳрон дар “минтақаи евро” коҳиш ёфта буд, пешгӯӣ кардааст.

Ба иттилои ин ниҳоди молиявӣ, рушди иқтисод дар соли равон 2,2 дар сад ва соли оянда 3,1 дар садро ташкил хоҳад дод.

Ҳамзамон масъулини Бонки ҷаҳонӣ дар як нишасти хабарӣ дар чаҳорчӯби нишасти солонаи ин ниҳоди молиявӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул дар Вошингтон гуфтанд, ки рушди иқтисод дар қиёс бо кишварҳои пешрафта чандон зиёд нест ва дар баробари хатарҳо осебпазир боқӣ мемонад.

Лора Так, муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин нишаст изҳор намуд, ки ӯ дар робита ба иқтисоди кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳам хабарҳои хуш ва ҳам хабарҳои нороҳаткунанда дорад:

"Хабари хуш он аст, ки тавре ман гуфтам, иқтисоди Аврупо дар роҳи эҳё қарор дорад. Аммо хабари нороҳаткунанда – пайдо шудани таҳдидҳои нави молиявӣ, аз ҷумла, аз сӯи Амрикост ва ин эҳёи на он қадар қавии рушди иқтисодиро шояд боздорад". Ӯ афзуд, "баъди дар моҳи май ироа шудани пешниҳоди вазорати молияи ИМА дар бораи қатъи бархе барномаҳо вуруди сармоя ба бозорҳои дар ҳоли рушди Аврупо ва Осиёи Марказӣ кам шуд, даромади дарсадӣ афзоиш ёфт, қурби саҳмияҳо дар бозор оҷилан пойин рафт ва раванди беқурбшавии асъори миллӣ шурӯъ гардид. Ин омилҳо бештар ба он кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ таъсир гузоштанд, ки касри буҷаашон бузург аст ва онҳо ба вуруди сармоя ниёз доранд, аз ҷумла, ба кишварҳои ғарбии нимҷазираи Балкан, Арманистон ва Белорус”.

Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Ҷанубу шарқӣ баръало намоён аст. Пешгӯӣ мешавад, ки соли 2014 рушди иқтисоди ин кишварҳо назар ба солҳои гузаштаву равон ду баробар бештар шавад. Соли 2012 рушди иқтисод дар кишварҳои Аврупои марказӣ ва ҷанубу шарқӣ ҳамагӣ 0,8 ва соли равон 0,9 дар сад буд, соли оянда бошад иқтисоди онҳо дар сатҳи ду дарсади маҳсули нохолиси миллӣ боло хоҳад рафт.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ, иқтисоди Туркия ва кишварҳои узви Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ, ки аз авзоъ дар “минтақаи евро” бастагие надоштанд, муттасил рушд кард ва аз соли 2009 то соли 2012 ҳамасола ба ҳисоби миёна 4,4 дар сад боло рафт. Бонки ҷаҳонӣ ҳадс задааст, ки соли оянда иқтисоди кишварҳои узви Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ ва дар Туркия дар сатҳи 3,5 дар сад, дар Русия 3,1 дар сад боло меравад.

Хонум Лора Так ҳамчунин гуфт, "воқеъияти машаққатбор чунин аст, ки мушкили аслии иқтисоди дар ҳоли рушди Аврупо ва Осиёи Марказӣ характери сохторӣ дорад ва қабули тасмимҳои сохторӣ дар сатҳи кишварро талаб мекунад”. Аз нигоҳи ӯ, “ҳукуматҳои минтақа бояд барои ҳалли мушкилоти калидие чун таъсиси ҷойҳои нави кор, ҳалли масоили марбут ба пиршавии аҳлоӣ ва идораи захираҳои табиӣ чора андешанд”. Иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, ки “идораи масъулонаи захираҳои табиӣ мушкили кишварҳои дорои захоири ғании АвроОсиё – Озарбойҷон, Қазоқистон, Русия, Туркманистон, Украина ва Ӯзбакистон аст”.

Бонки ҷаҳонӣ аз сатҳи баланди бекорӣ дар Аврупову Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кардааст, ба гуфтаи ин ниҳоди молиявӣ, дар Аврупои Марказӣ он беш аз даҳ дар садро ташкил медиҳад ва дар кишварҳои ғарбии нимҷазираи Балкан, ки алҳол ҳар нафари панҷум дар ҷустуҷӯи кор аст, рӯ ба афзоиш боқӣ мемонад.

Ҳанс Тиммер, иқтисоддони аршади Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, ки "кишварҳои минтақа бояд аз ислоҳоти зарурӣ ва пиёдасозии сиёсати фароҳамоварии муҳити мусоид барои рушди ширкатҳои феълӣ ва таъсиси ширкатҳои нав кор бигиранд, то ки ба ин васила барои мардум ҷойҳои нави кор муҳайё шавад”.
XS
SM
MD
LG