Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи раиси ҷумҳури Озарбойҷон идома дорад


Дар Озарбойҷон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад ва интизор меравад, ки дар он Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурӣ феълӣ ба осонӣ пирӯз шавад. Азбаски мухолифони давлат дар Озарбойҷонро канор зада шудаанд, таҳлилгарон мегӯянд, шакке нест, ки бар асоси натиҷаҳои расмӣ, Илҳом Алиев, орои зиёди мардумро ба даст меорад. Тарафдорони Комил Ҳасанлӣ, номзади мухолифи давлат, ҳукумати Озарбойҷонро ба фасоду беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон муттаҳам мекунанд, аммо тарафдорони Илҳом Алиев мегӯянд, ки рушди қавии иқтисодии Озарбойҷони нафтхез нишон медиҳад, ки ӯ бояд раиси ҷумҳури кишвар бимонад. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукумати Озарбойҷонро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар остонаи интихобот даҳҳо дигарандешу мунтақидони худро бо иттиҳомоти сохтаву бофта ба зиндон андохтааст. Илҳом Алиев пас аз даргузашти падараш, Ҳайдар Алиев, раиси ҷумҳури собиқ соли 2003 ҷойгузини ӯ шуд ва то ҳол дар Озарбойҷон ҳукумат мекунад.
XS
SM
MD
LG