Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 6-уми октябр як бозии даври 15-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ пешакӣ баргузор шуд.

Ин бозӣ миёни дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ҳисобро ҳамлагари дастаи меҳмон – “Хайр” Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 26-ум боз кард. Баъди 6 дақиқа голи ҷавобиро бозигари “Парвоз” Орзу Додхудоев ба ҳадаф расонд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Равшан» бо 33 имтиёз дар ҷойи аввал, «Истиқлол» бо 30 имтиёз дар ҷойи дувум ва «Хайр» бо 23 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 11 11 0 0 17-2 33
2. «Истиқлол» (Душанбе) 12 10 0 2 35-6 30
3. «Хайр» (Ваҳдат) 13 6 5 2 21-13 23
4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 6 2 3 14-11 20
5. «Энергетик» (Душанбе) 12 4 3 5 12-14 15
6. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 12 3 4 5 10-14 13
7. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 12 3 4 5 10-19 13
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 10 2 2 6 4-10 8
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 12 0 4 8 6-17 4
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 11 0 2 9 6-29 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 9 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев, (“Истиқлол”), Александр Кудряшов («Истиқлол») ва Мирзобек Мирзоев “Хайр”) – 5-тӯбӣ.

Бинобар омодагии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо тими миллии Қирғизистон бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии кишвар баъди танаффус, рӯзи 19-уми октябр баргузор мешаванд.
Даври 17-ум
19-уми октябр, шанбе.
Оғози бозиҳо – соати 15:00
“Регар-ТадАЗ” – “Истиқлол”
“Энергетик» - «Хайр»


20-уми октябр (якшанбе)
“Хуҷанд” – “Равшан”
ССКА “Помир” – “Вахш”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG