Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди HRW аз рафтори бади Русия бо муҳоҷирон


Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ, мақомоти шаҳри Сочии Русияро барои рафтори бад бо муҳоҷирони корӣ интиқод кард. Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вотч, рӯзи ҷумъа гуфт, мақомоти расмӣ бисёре аз муҳоҷирони кориро бо баҳонаи нақзи муқаррароту кору иқомат дар шароити “ғайриинсонӣ” нигаҳ доштанд. Ба гуфтаи созмон, аксари муҳоҷирони ҷабрдида мардуми ғайриславянӣ будаанд. Ҷейн Буканан, аз созмони мазкур гуфт, “боздошт ба мисли рама ва ихроҷи муҳоҷироне, ки майдонҳои зебои бозиҳои олимпиро дар Сочӣ сохтаанд, бисёр ошуфтакунанда аст.” Юлия Горбунова пажӯҳишгари Ҳюман Райтс Вотч гуфт, кумита байналмилалии олимпӣ бояд ин масъаларо нодида нагирад: "Кумитаи байналмилалии Олимпӣ бояд ба мақомоти Русия возеҳ бигуяд, ки боздошти оммавӣ ва ихроҷи муҳоҷирон бе ягон муҳокима ва бе дастрасӣ ба вакили дифоъ ва бо қонуншикании зиёд, ғайриқобили қабул аст. Ва Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ бояд ба ин масъала расидагӣ кунад." Дар остонаи бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки моҳи феврал дар Сочи баргузор мешавад, мақомоти Русия амр додаанд, ки кӯчаҳои ин шаҳрро аз ҳузури муҳоҷирон ба қавле пок кунанд.
XS
SM
MD
LG