Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиксодиротбонк" додгоҳро ба як мизоҷаш бохт?


Додгоҳе дар Душанбе ба Тоҷиксодиротбонк яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон амр додааст, ҳазорон доллари як мизоҷашро баргардонад. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ бонки мазкурро дар гум шудани бештар аз 3 ҳазор доллар аз ҳисоби бонкии Назирбек Назиров, як шаҳрванди Тоҷикистон гунаҳкор дониста ва хостааст, то ин хисороти ӯро ҷуброн кунанд. Аммо масъулони “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, ки беэҳтиётии Назирбек Назиров ҳангоми истифодаи корти бонкиаш дар хориҷ аз кишвар сабаб шудааст, то рахнагарони интернетӣ пули ӯро аз тариқи Бонки Боливия бидузданд. Аммо додгоҳ талаби мизоҷро қонунӣ дониста ва амр додааст, ҳамаи пули Назирбек Назировро баргардонанд.
XS
SM
MD
LG