Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доктор Абдулло дар интихоботи Афғонистон ширкат мекунад


Абдулло Абдулло, вазири собиқи умури хориҷии Афғонистонро, ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном карданд. Сиёсатмадори шинохтаи афғонро Эътилофи Миллии Афғонистон, як созмони умдаи мухолифи давлат ба ин мақом пешниҳод кардааст. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 5 апрели соли оянда баргузор мешавад ва рӯзе пештар Ашраф Ғанӣ, вазири молияи Афғонистон ҳам гуфт, ки дар ин корзори сиёсӣ ширкат хоҳад кард. Абдулло Абдулло дар интихоботи соли 2009 низ ширкат кард, вале бо зикри таққалуби зиёд, аз даври аввали интихобот хориҷ шуд. Сабти номи довталабони курсии Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 6 октябр ба поён мерасад ва худи ӯ ҳаққи ширкат дар интихоботро надорад.
XS
SM
MD
LG