Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси як ҳизби Юнонро дастгир карданд


Мақомоти Юнон ду пешвои ҳизби миллатгарои “Тулӯъи Тиллоӣ”-ро бо иттиҳоми таъсиси созмони ҷиноӣ дастгир карданд. Никос Михалолиакос, раис ва Илиас Кассидиарис, сухангӯи ҳизб рӯзи шанбе дар шаҳри Афина дастгир шудаанд ва бино ба гузоришҳо, амрҳо барои боздошти чанд муовини раиси “Тулӯъи Тиллоӣ” баррасӣ мешавад. Ҳукумати Юнон то кунун ин қазияро шарҳ надодааст. Аммо боздошти аъзои ин ҳизби тундрави миллатгаро баъди он сурат гирифт, Павлос Фиссас, як репсарои мухолифи миллатгароӣ дар Юнон рӯзи 17 сентябр аз тарафи як узви “Тулӯъи Тиллоӣ” кушта шуд. Ин ҳодиса тазоҳуроти хушунатомезеро дар шаҳри Афина барангехт. Ҳизби мазкур даст доштан дар қатли овозхонро рад кардааст. “Тулӯъи Тиллоӣ”, ки решаҳои фашистӣ низ дорад, дар интихоботи моҳи майи соли 2012 бо истифода аз бӯҳрони молӣ дар Юнон ва авҷ гирифтани тамоюли зидди муҳоҷиратӣ 18 курсӣ дар порлумонро ба даст оварда ва бори аввал вориди маҷлиси қонунгузори Юнон шуд.
XS
SM
MD
LG