Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби 27-уми сентябр дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар даври чоруми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «А» аз тими мизбон – Кувайт бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи Ал-Сабоҳ Ал-Салими пойтахти Кувайт барпо гардид, ҳисобро дар дақиқаи 42-юм бозигари мизбонон Бадер боз кард. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 54-ум, Муҳаммадҷони Ҳасан ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Юсуф дар дақиқаи 90+1 ба ҳадаф расонд.

Ин бохт имкони ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистонро хеле кам кард.

Дар бозии дигари даври чорум мунтахаби Ҳиндустон бар тими Бутан бо ҳисоби бузурги 8:1 пирӯз шуд.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони навраси тоҷик бозии нахустинашонро бо мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, дар бозии дувум бар тими Бутан бо ҳисоби 12:0 ғолиб омада буданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии чор даври мусобиқот дар гурӯҳи «А» тими Кувайт бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. Дастаи Ҳиндустон бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар ҷойи севум мебошад. Лубнон бо 3 имтиёз дар ҷойи чорум аст. Бутан, ки бозиҳояшро ба охир расонд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум ҷойгир шуд.

Даври охирин - 5-уми мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи «А» рӯзи якшанбе, 29-уми сентябр, баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Лубнон рақобат мекунад. Баъди ин бозӣ дастаҳои Ҳиндустон ва Кувайт қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Даври 5-ум
29-уми сентябр (якшанбе)
18.50 – Лубнон – Тоҷикистон
22.00 – Кувайт – Ҳиндустон
Эзоҳ: замони оғози бозӣ - ба вақти Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG