Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунаққиди синамои тоҷик узви FIPRESCI шуд


Саъдулло Раҳимов, пажуҳишгари синамои тоҷик, ба узвияти FIPRESСI, федератсиони байнулмилалии мунаққидони синамо, пазируфта шудааст.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Сафар Ҳақдодов, раиси Итиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, қаблан ба ин созмони бонуфуз, ки маъруфтарин мунаққидони синамои оламро ҷамъ овардааст, аз шӯравии собиқ ҳамагӣ чанд нафар, аз ҷумла, мунаққиди қазоқ Гулнора Абикеева шомил буданд. Ҳамроҳ бо Саъдулло Раҳимов FIPRESСI мунаққиди қирғиз Гулбара Толомушоваро ҳам ахиран ба узвият пазируфтааст.

Худи Саъдулло Раҳимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз узвияташ ба ин созмони бонуфуз чанд рӯз пеш бохабар шуд. Ӯ афзуд, масъулияташ дар FIPRESСI ин аст, ки баъд аз ширкат дар ҷашнвораҳои байнулмилалии синамо дар бораи онҳо барои созмон гузориши вижа таҳия мекунад. Ҳакамон аз FIPRESСI дар бисёр ҷашнвораҳои байнулмилалии синамо, аз ҷумла, ҷашнвораҳои Канн, Венетсия ва Берлин ширкат доранд ва ҷоизаи махсуси ин созмонро месупоранд, ки аз ҷоизаҳои бонуфуз дар олами синамо маҳсуб мешавад.

FIPRESСI соли 1930 дар Порис таъсис шуда, маҷмааи умумии он дар Италия мустақар аст.

Қарор аст, ки Саъдулло Раҳимов рӯзҳои наздик барои ширкат дар кори ҳайати ҳакамони ҷашнвораи байнулмилалии синамо барои кудакон ва наврасон озими шаҳри Исфаҳони Эрон равад. Ин нахустин ҷашнвораест, ки муҳаққиқи синамо дар он чун узви FIPRESСI ширкат хоҳад кард. Зимнан, Саъдулло Раҳимов ҳамчунин ягона намояндаи Осиёи Марказӣ дар жюрии ин ҷашнвораи бонуфузи байнулмилалист.

Саъдулло Раҳимов дар сӯҳбат бо мо бо таассуф гуфт, ки дар ин ҷашвора то ҳол ягон филми тавлиди Тоҷикистон намоиш дода нашудааст, зеро “синамо дар ин бахш рушд накардааст” ва “асарҳое, ки барои кӯдакон офарида мешаванд, ҳам аз нигоҳи муҳтавою мазмун ва ҳам аз нигоҳи ҳирфавият кор мехоҳанд ва ин боиси нигаронист”. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто филмҳои “Овора”-и Далер Раҳматов, “Муҷассамаи ишқ”-и Умед Мирзоширинов ва “Баррачаи хаёлӣ”-и Абдулхайр Зоҳидовро, ҳарчанд дар онҳо аз ҳаёти кӯдакону наврасон қисса мешавад, наметавон филмҳои хос барои кӯдакон номид.
XS
SM
MD
LG