Пайвандҳои дастрасӣ

Адолатов:Ҳамлагарон амниятӣ набудаанд


Саодатшо Адолатов

Саодатшо Адолатов

Саодатшо Адолатов, раиси бахши вилоятии ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар Бадахшон гуфт, аъзои ҳайъати ҲНИТ, ки моҳи август дар роҳи Хоруғ ҳадафи ҳамла қарор гирифт, кормандони амният будани ҳамлагаронро собит карда натавонистанд. Саодатшо Адолатов рӯзи 25 сентябр ба Озодӣ гуфт, аъзои ин ҳайъат барои бозпурсӣ ба дафтари марказии Кумитаи амнияти миллӣ(КДАМ) даъват шуданд ва азбаски иддаои онҳо собит нашуд, ӯ ҳам даъвояш дар бораи афроди амниятӣ будани ҳамлагаронро, ки дар расонаҳо нашр шуд, пас мегирад.



Оқои Адолатов гуфт: “Чун дар сӯҳбатҳое, ки он ҷо гузарондем, ягон далели қавие надоштем, ки афроди ҳамлавар амниятиҳо буданд.” Раҳбари бахши вилоятии ҲНИТ, ҳамин тавр, эҳтимоли даст доштани афроди маҳаллӣ дар он ҳамларо низ радд кард ва гуфт, сокинони маҳаллӣ ӯро мешиносанд ва эҳтиром мекунанд ва аз ин рӯ, дар ҳамла афроди маҳаллӣ ҳам даст надоранд.

Ба гуфтаи роҳбари бахши вилоятии ҲНИТ, ҳайъат дар ҷараёни сӯҳбат дар КДАМ ҳамчунин маъмурини амниятиро мӯътақид сохт, ки бар хилофи иддаои раҳбари пулиси Бадахшон Тоҷиддин Назаршоев ин ҳамла кори худи назҳатиҳо низ нест: “Амниятиҳо мӯътақид шуданд, ки ҳамла кори худӣ назҳатиҳо нест.”

Аз роҳбари бахши наҳзат пурсидам, ки пас дар чунин ҳолат ба фикри вай ой ҳамоаварон киҳои мебошад. Оқои Адолатов гуфт, ки ҳайат тафсилоти ҳодисаи ҳамларо ба мақомоти тафтишотӣ баён кард ва онҳо интизор доранд, ки ин ходиса то ба охир таҳқиқ ва ҳуввияти ҳамлаварон ошкор хоҳад шуд.

Ҳайати ҲНИТ шоми 15 август дар роҳ ба сӯйи Хоруғ дар як маҳалли беодами ноҳияи Шуғнон аз ҷониби афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирфта, тибқи ташхиси пизишкӣ, бар асари он Саодатшо Адолатов аз сару рӯяш ҷароҳат бардошт.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи раиси бахши вилоятии ҳизби назҳат, таблиғоти зидди ин ҳизб дар васоити ахбори ҷумҳурӣ баръакс ба обрӯи ҲНИТ афзудааст ва танҳо дар Хоруғ дар як рӯзи ахир 18 нафар барои пайвастан ба узвияти ин умдатарин ташаккули мухолифини Тоҷикистон ба ӯ муроҷиат кардаанд.

Саодатшо Адолатов ҳамлаи шоми 15 августро қаблан супоришӣ номида, масъулони ҲНИТ ҳам гуфта буданд, ки гумон аст, мақомот омилони ин ҳамлаи “тарҳрезишуда”-ро пайдо кунанд.

Саодатшо Адолатов рӯзи 17 август дар анҷумани бахши вилоятии ҲНИТ раиси ин бахш интихоб шуд. Ӯ дар ин симат Муслима Броимшоеваро, ки аз замони кушта шудани Сабзалӣ Мамадризоев дар амалиёти тобистони соли гузаштаи Хоруғ дар ин мақом ифои вазифа дошт, иваз кард.

Саодатшо Адолатов зодаи ноҳияи Ванҷ буда, мутахассиси риштаи таърих аст, вале солҳои охир дар як хоҷагии деҳқонӣ кор мекунад.
XS
SM
MD
LG