Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи нави Барак Обама дар бораи Эрон


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, «равиши мӯътадилонатари» ҳукумати нави Эрон бояд заминаро барои ҳалли бӯҳрони атомии ин кишвар фароҳам кунад. Барак Обама, зимни суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал гуфт: "Амрико хоҳони он аст, ки нигарониҳояш аз барномаҳои атомии Эронро аз роҳи мусолиматомез рафъ кунад, агарчӣ мо азм дорем, нагузорем, ки Эрон бомби атомӣ бисозад.“ Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, ки ба Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷӣ дастур додааст, дар пайи талошҳои дипломатӣ барои ҳалли баҳси барномаҳои атомии Эрон бошад. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, низ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал суханронӣ хоҳад кард. Барак Обама ҳамчунин аз Шӯрои Амният хост, қатъномаи сахтеро алайҳи ҳукумати Сурия содир карда ва онро водор намояд, ки ба аҳди худ ҷиҳати маҳви силоҳҳои кимиёии он кишвар вафо кунад.
XS
SM
MD
LG