Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи қавӣ 45 нафарро дар Покистон кушт


Заминларзаи қавӣ дар вилояти Балуҷистони Покистон дасти кам 45 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро захмӣ кардааст. Пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки нерӯи заминларза дар маркази он дар Балуҷистон ба 7.8 дараҷа расида ва дар шаҳрҳои Деҳлӣ ва Дубай ҳам эҳсос шудааст. Талафот аксаран дар ноҳияҳои Оварон ва Хуздар будааст. Бар асари фалокат шабакаҳои мухобироти вилоят низ вайрон гашта ва бино ба гузоришҳо, дар соҳили шаҳри бандарии Гвадари Балуҷистон як ҷазираи нав пайдо шудааст. Заминларзаи шабеҳе дар моҳи апрел дар манотиқи ҳаммарз бо Эрони Балуҷистон 35 нафарро кушта бар ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG