Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии деринтизори Обама аз минбари СММ

Обама аз ҷумла гуфт, талошҳои дипломатии кунунии ИМА бар рӯи барномаи ҳастаии Эрон ва кашмакашҳои миёни Эрон ва Исроил мутаммарказ аст.

19:51 24.9.2013
Обама:"Ба Рӯҳонӣ нома навиштам ва гуфтам, ки дар пайи ҳалли мусолиҳаомези масъалаи ҳастаии Эрон ҳастам... Мо ба дунболи тағйири режим дар Эрон нестем ва ҳаққи ҳастаии сулҳомези Эронро ба расмият мешиносем."
19:49 24.9.2013
Обама: "Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва оқои Рӯҳонӣ таъкид кардаанд, ки ба дунболи тавлиди силоҳи атомӣ нестанд. Ин суханон метавонад, оғозе барои ба расмият шинохта шудани ҳаққи ҳастаии Эрон аз сӯи қудратҳои ҷаҳонӣ бошад."
19:47 24.9.2013
Обама: "Изҳороти оштиҷӯёнаи Эрон бояд бо амал ҳамроҳ бошад."
19:47 24.9.2013
Раиси ҷумҳури Амрико: "Мардуми Фаластин ҳақ доранд, зиндагии амн ва роҳатро дар минтақаи худ дошта бошанд.
Исроилиҳо ва фаластиниёе медонанд, ки роҳи ҳалл ба расмият шинохта шудани ду ҳукумат дар минтақа танҳо гузина аст.
Ҳомиёни Исроил бояд давлати фаластинӣ ва ҳомиёни фаластиниҳо низ бояд давлати Исроилро ба расмият бишиносанд.
Ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эрон ва ҳамчунин кашмакаши миёни Исроилу Фаластиниҳо барои минтақа дорои натоиҷи мусбат хоҳад буд."

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG