Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузориҳо хашми масеҳиёни Покистонро барангехт


Масеҳиён дар саросари Покистон ба нишони эътироз аз бомбгузориҳои хунини рӯзи якшанбе дар як калисо тазоҳурот мекунанд. Ҳамлаи ду бомбгузори маргталаб ба калисои Ҷонси Муқаддас дар шаҳри Пешовар, хунинтарин ҳамла ба масеҳиён дар Покистон маҳсуб мешавад. Рӯзи душанбе масеҳиёни хашмгин ба нишони эътироз аз ин амали террористӣ, роҳҳоро дар саросари Покистон бастанд. Ба қавли мақомоти расмӣ, теъдоди қурбониёни бомбгузориҳо ба 81 нафар расидааст ва 130 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҷунбиши Ҷунуд ул-Ҳифса, як шохаи Толибон масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш гирифта ва гуфтааст, ки ин бомбгузорӣ ниқоре барои ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико алайҳи Толибон ва Ал-Қоида дар манотиқи қабоилнишини Покистон аст. Танҳо 2 дар сади аҳолии 180 миллион нафарии Покистон масеҳӣ ҳастанд. Агарчӣ табъизи масеҳиён ба чашм мерасад, аммо ҳамла ба онҳо бисёр кам дида мешавад.
XS
SM
MD
LG