Пайвандҳои дастрасӣ

Аксуламалҳо ба изҳороти Рӯҳонӣ


Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ

Изҳороти президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ дар бораи он, ки Эрон ҳеҷ гоҳ дар пайи тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ нахоҳад шуд, вокунишҳои аҳли оламро ба бор овардааст.

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ изҳороти Рӯҳониро амали мусбат номид, вале афзуд, ки ҳар амале бояд мавриди тафтиш қарор гирад. Сухангӯи Қасри Сафед Ҷей Карнӣ мегӯяд:

Аз сӯи Теҳрон ва ҳукумати нави ин кишвар суханони хеле ҳам ҷолиб гуфта мешаванд, вале амал аз сухан дида муҳимтар аст.”

Дабири кулли паймони НАТО Андерс Фог Расмуссен ҳам ба суханони Рӯҳонӣ баҳои баланд дода, изҳори умед кард, ки музоикроти барномаи ҳастаии Эрон бо натиҷаи мусбат ба анҷом хоҳад расид.

Аммо ба қавли сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ваъдаи президенти нави Эрон боз як кӯшиши фиреби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG