Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 10 маъмури пулиси афғонро куштанд


Ҷангҷӯёни Толиб дар вилояти Бадахшони Афғонистон бо ҳамлаи ғофилгирона ба корвони мошинҳои маъмурони пулис, 10 нафари онҳоро куштаанд ва аз 15 то 20 нафари дигарро асир гирифтаанд. Давлат Муҳаммад, намояндаи ҳукумати вилоят гуфт, ки ҳамла рӯзи чаҳоршанбе ва зимни поксозии ноҳияи Вардуҷ аз ҳузури ситезаҷӯён сурат гирифтааст. Вазорати умури дохилии Афғонистон таъйид кард, ки дар ҳамла ба маъмурони пулис чанд нафар талаф шудаанд, вале ҳеҷ кас ба асорати Толибон наёфтааст. Ин гурӯҳ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт. Бино ба гузориши матбуоти Афғонистон дар ноҳияи Вардуҷи Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон, ин ҳафта амалиёт барои маҳви Толибон ва “террористони хориҷии шарики онҳо идома дошт.
XS
SM
MD
LG