Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Марафони" 71 километрии ду афсари тоҷик


Ду афсари вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои ташвиқу тарғиби варзиш дар байни кормандони вазорат, 71 километрро роҳро дар камтар аз як рӯз тай кардаанд. Вазорат рӯзи сешанбе бо нашри иттилоияе дар ин бора гуфт, Файзиддин Ҳусейнов, лейтенанти калони милиса ва Фаридун Таваралиев, соати севуними бомдоди 14 сентябр аз шаҳри Душанбе (назди Сирки давлатӣ) ба самти ноҳияи Данғара ҳаракат карда ва соати шаши шом то истироҳатгоҳи “Сайёд”-и ноҳия расидаанд. Ноҳияи мазкур тақрибан 100 километр дуртар аз Душанбе воқеъ шудааст. Дар иттилоия омадааст, ки афсарони милиса 71 километрро “бо тарзи давидан” ва “бе дам гирифтан” тай кардаанд.
XS
SM
MD
LG