Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузорӣ дар Қандаҳор боиси марги 3 нафар шуд


Рӯзи шанбе дар шаҳри ҷанубии Қандаҳори Афғонистон бар асари таркиши мошини саршор аз маводи мунфаҷир камаш 3 фарди мулкӣ кушта ва 6 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Абдулҳамид-фармондеҳи минтақаии артиш, мегӯяд, маргталаб мехост болои корвони нерӯҳои НАТО ҳамла кунад, вале эҳтимолан маводи тарканда барвақттар фаъол шудааст.

Толибон масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш гирифтаанд. Ошӯбгарон масъулияти ҳамлаи рӯзи ҷумъаро ҳам бар ӯҳда гирифтаанд.

Рӯзи ҷумъа консулгарии ИМА дар шаҳри ғарбии Ҳирот мавриди ҳуҷум қарор гирифта буд.

Дар он ҳамла ду сарбози афғон, як тарҷумон ва нуҳ силоҳбадасти масъули ҳамла ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG