Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навалний аз натиҷаҳои интихобот шикоят кард


Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлати Русия аз натиҷаҳои интихобот ба мақоми раиси шаҳри Маскав ба додгоҳ шикоят кардааст. Дар интихоботи рӯзи якшанбе Сергей Собянин, шаҳрдори феълии пойтахт ва номзади тарафдори ҳукумати Русияро ғолиб эълон карданд, аммо номзади мухолифон мегӯяд, интихобот олуда бо тақаллуб будааст. Навалний ва дастёронаш рӯзи панҷшанбе 20 қуттиро бо худ ба додгоҳи шаҳри Маскав оварда ва гуфтанд, ки ин ҳама далелҳои шайъӣ дар бораи қонуншиканӣ дар интихобот будааст. Бар асоси натиҷаҳои расмии интихобот, Сергей Собянин дар интихобот бештар аз 51 дар сад ва Алексей Навалний 27 дар сади раъйи мардумро ба даст овардаанд. Қарор имрӯз Сергей Собянин ба ҳайси шаҳрдори Маскав савганд ёд кунад.
XS
SM
MD
LG