Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахи олмонӣ раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ шуд


Томас Бах
Томас Бах
Томас Бах раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд. Рӯзи сешанбе дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар шаҳри Буэнос Айреси Аргентина интихоби раиси нави ин кумита сурат гирифт.

Жак Рог, ки 12 сол инҷониб раҳбарии Кумитаи байналмилалии олимпиро бар ӯҳда дошт, ба истеъфо рафт. Бахи 59-сола бо Ричард Карион аз Пуэрто Рико, Денис Освалд аз Швейтсария, Сергей Бубка аз Украина ва Нег Сер Мианг аз Сингапур сабқат карда, дар даври дуюми интихобот пирӯз эълон шуд.

Бах аввалин қаҳрамони бозиҳои олимпӣ аст, ки ба мақоми раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузида мешавад. Ӯ соли 1976 дар шамшерзанӣ қаҳрамони олимпиада шудааст.

Бах нуҳумин раҳбари ин кумита дар 119 соли мавҷудияти он мебошад.

Ӯ аз соли 1991 узви кумита интихоб шуда, се дафъа ба мақоми ноиби раиси он пазируфта шуда буд.
XS
SM
MD
LG