Пайвандҳои дастрасӣ

Русия: "Сари тарҳи мушаххаси Сурия кор мекунем"


Ҳукумати Русия мегӯяд, сари як тарҳи «возеҳу мушаххас» дар мавриди таҳти назорати байналмилалӣ гирифтани захираҳои аслиҳаи кимиёвии Сурия кор мекунад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи сешанбе гуфт, ҷузъиёти ин тарҳро бо ҳукумати Сурия баррасӣ мекунанд. Пешниҳоди Русия барои таслими аслиҳаи кимиёвии Сурия аз тарафи Амрико боэҳтиёт истиқбол шуд. Барак Обама раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфт, «мумкин аст, ба пешрафт» ноил шавем, вала ҳамзамон гуфт, шояд ин пешниҳод "барои кашолкорӣ ва эҷоди монеа" бошад. Сурия низ аз чунин пешниҳод истиқбол карда вале то кунун нагуфтааст, ки онро мепазирад. Мухолифони давлати Сурия ин тарҳро “як ҳиллаи сиёсӣ” хондаанд. Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса гуфт, ки кишвараш тарҳи қатъномаеро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод хоҳад кард, ки дар он шарту шароити таҳти назорати байналмилалӣ гузоштани аслиҳаи кимиёвии Сурия муқаррар мешавад. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, барои истифодаи эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурия, ки рӯзи 21 август, бештар аз 1400 нафарро кушт, алайҳи ҳукумати Сурия иқдоми низомӣ сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG