Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости ҳимоят аз занону духтарони афғон


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч (Human Rights Watch) аз президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай даъват кардааст, ба таври оҷил бар зидди издивоҷҳои духтарон ва хушунати хонаводагӣ иқдом кунад.

Рӯзи чоршанбе Ҳуман Райтс Воч дар як паёме ба раҳбари афғон бо ишора ба таъсири манфии издивоҷи духтарони аз 18-сола ҷавон ва хушунат бар зидди занон аз Ҳомиди Карзай хостааст, иқдом намуда, иҷрои Қонуни ҷилавгирӣ аз хушунат бар зидди занонро таъмин кунад.

Бар пояи қонуне, ки соли 2009-ум ба тасвиб расидааст, хушунат бар зидди занон, издивоҷи наврасон ва издивоҷҳои маҷбурӣ дар хоки Афғонистон ҷиноят ба шумор рафта, мавриди муҷозоти шадид қарор мегирад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ пажӯҳишгари умури Афғонистон дар созмони Ҳуман Райтс Воч Ҳезер Бар гуфт, 53 дар сади занони афғон қабл аз синни 18-солагӣ шавҳар кардаанд.

Ӯ афзудааст, ки то 85 дар сади занони афғон дар тӯли ҳаёти худ бо хушунат мувоҷеҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG