Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 нафар то ҳол дар бемористони Алмаато мебошанд


Мақомоти беҳдоштии Қазоқистон мегӯянд, то ҳол ҳашт нафар, ки дар ҷараёни ҳунарнамоии шаҳри Алмаато ҷароҳат бардошта буданд, дар табобатгоҳ мебошанд.

Ба гуфти табибон баъди хушунати рӯзи шанбе дар яке аз фурӯшгоҳҳои тозабунёди бузургтарин шаҳри Қазоқистон камаш 90 марду зан барои кумак ба табибон муроҷиат карда буданд.

Бар пояи ахбори расида шоми шанбе вақте издиҳоми ҳаводорони ҳунар аз хатти полис убур намуда, ба саҳна наздик шуд, овозхон Қайрат Нуртас консертро тарк кард.

Ҳозирин ба саҳна сангу шиша ҳаво дода, мошинҳои гирду атрофи фурӯшгоҳро тахриб карданд.

Полис камаш 165 фарди муттаҳам бо ширкат дар хушунатро боздошт намуд.

Рӯзи душанбе Нуртас ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулият бар дӯши ташкилкунандагони консерт аст, зеро онҳо амнияти муносиби ҳунармандону бинандагонро таъмин накарданд.
XS
SM
MD
LG