Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ҳукумати Озарбойҷонро танқид кард


Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, ҳукумати Озарбойҷон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ “стратегияи маҳдуд кардани дигарандеширо” пеш гирифтааст. Ин созмон рӯзи душанбе бо нашри гузорише гуфт, мақомоти расмии Озарбойҷон саъй доранд, “монеъи фаъолиятҳои сиёсии мухолифон шаванд, интиқод аз ҳукуматро маҳдуд кунанд ва созмонҳои ғайридавлатиро ҳарчӣ бештар таҳти назорат бигиранд”. Озарбойҷон рӯзи 9 октябр интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дорад ва ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, дар остонаи интихобот, маҳдуд кардани озодии баёну ҳамоишу гирдиҳамоиҳо дар он кишвар суръат гирифтааст. Аксарият бовар доранд, ки дар интихоботи оянда, раиси ҷумҳури феълии Озарбойҷон Илҳом Алиев пирӯз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG