Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари бемории номаълум дар ноҳияи Ховалинг беш аз 40 сар гӯсфандони хоҷагии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара ҳалок шудааст.

Дар ин бора ба Радиои «Озодӣ» сокинони деҳаи Ҳазрати Султони ин ноҳия хабар доданд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки ин гӯсфандон ба кадом навъи беморӣ гирифтор шудаанд, аммо масъулини Идораи байтории ноҳияи Ховалинг бо тасдиқи ин хабар онро хатарнок надонистанд. Қудратулло Мунисов, сардори Идораи байтории ноҳияи Ховалинг дар як тамоси телефонӣ гуфт, гурӯҳи байторон бемории гӯсфандонро месанҷанд ва дар ташхисгоҳи Душанбе навъи бемориро маълум хоҳанд кард. Аммо Мунисов бо такя ба таҷрибаи кориаш мегӯяд, эҳтимол ин як навъ бемории маъмулии гусфандон бошад, ки ба инсон ҳеҷ зиёне надорад.

Ӯ гуфт: «Мавод барои санҷиш гирифтем.Ҷасадҳои гӯсфандонро кушодем ва намунаи хун гирифтем. Маводро ҳоло гирифта ба Душанбе бурданд. Аз рӯи нишонаҳояш, ки дар таҷрибаи корӣ дидаам, ин бемории хоси гӯсфанд аст ва ба одам сироят намекунад. Ба ҳар ҳол, чи будани беморро ташхис маълум мекунад.»

Бемории гӯсфандон дар Ховалинг дар ҳолест, ки аз сироят ёфтани афроди зиёде ба бемории буғумдард, ки аз ҳайвон ба инсон сироят мекунад, дар ин ноҳия сӯҳбат мекунанд. Бемории буғумдард, ки тариқи истеъмоли гӯшт ва шири ҳайвони бемор сироят мекунад, табобатнашаванда боқӣ монда, бо гузашти солҳо инсонро ба ҳалокат мерасонад.

Вокуниш ба «Озодӣ»: «Се буғумдард ба қайд гирифтаем»

Чанде пеш дар як сӯҳбат бо мо Одина Орзуев, директори Маркази саломатии ҷамоати Лоҳутии Ховалинг гуфта буд, ки танҳо дар худуди ин ҷамоат 20 гирифтори бемории буғумдард сабт кардаанд, аммо дар як посух ба Радиои «Озодӣ» Раҳматулло Рабиев, директори Маркази саломатии Ховалинг ин ҳарфро дурӯғ донистааст. Ӯ навиштааст, ки воқеан, дар ҳудуди ҷамоат 20 гирифтори бемории буғумдард вуҷуд дорад, аммо онҳоро солҳои гузашта ошкор кардаанд, на дар соли ҷорӣ. Ба гуфтаи ин масъул, соли равон ҳамагӣ се сокини ноҳияи Ховалинг ба бемории буғумдард гирифтор шудааст, ки ин омор аз коҳиш ёфтани буғумдард хабар медиҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бисёриҳо ба ин омор шубҳа намуда, гумон доранд, масъулин теъдоди дақиқи гирифторони буғудард дар Ховалингро пинҳон медоранд. Дар ҷамоати Сариосиёби ноҳияи Ховалинг мо бо ҳафт нафаре сӯҳбат кардем, ки аз ин беморӣ табобат мегиранд. Ҳатто, Абдулазиз Ҳакимов, раиси ҷамоати Сарисоёб аз ҷумлаи гирифторони ин беморӣ будааст. Ӯ мегӯяд, шумораи дақиқи гирифторони ин бемориро дар ҳудуди ҷамоат намедонад, аммо феълан худаш аз буғумдард табобат мегирад.

«Дар Душанбе ва чанд табобатгоҳ табобат гирифтам. Ҳоло ҳам миёнам ғам медиҳад. Буғумдард ба асабҳоям ҳам таъсир расонидааст. Лекин ин касал барвақт буд. Пешгирӣ карданд, ҳозир камтар шудааст. Пештар авҷ гирифта буд.»

Ховалинг ба чарогоҳ табдил ёфтааст

Сокинони ноҳияи Ховалинг мегӯянд, чорпои ҷамъиятиву хусусии аксари Тоҷикистон дар ин ноҳия чарронида мешавад, ки ин боиси сироят ёфтани мардуми маҳаллӣ ба бемориҳои хоси ҳайвонот шудааст. Абдулмаҷид, як сокини кӯҳансоли Ховалинг мегӯяд, замони Шӯравӣ пеш аз даромадан ба ҳудуди ноҳия зери пойи чорпоён дорӯи махсус мепошиданд, ки дигар ҳайвонот заминҳои Ховлингро заҳролуд намекарданд, аммо ҳоло ба ин чиз касе аҳмият намедиҳад. Ба гуфтаи ин сокин, ҳоло чарогоҳҳо ва чорпоёни Ховалинг бе назорат мондаанд.

«Мардум аз чорпои бегона дар хатаранд»

Ҷангихон Одинаев, раиси ҷамоати Ҷомбахти Ховалинг мегӯяд, дар худуди ин ҷамоат 11 нафар ба бемории буғумдард гирифтор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, воқеан, ба чарогоҳ табдил ёфтани Ховалинг ба сиҳатии сокинон хатар дорад.

Одинаев гуфт: «Ҳамон бемориҳо аз ҳисоби ҳайвоноте, ки чаронданӣ меоранд, аз ҳамонҳо мегузаранд. Чорво, ки меояд ва дар ҳамон наздикиҳо мечарад, вақте молашон мемирад, ба мардум гӯшташро савдо мекунанд ва хунаш ҳам дар ҳамон ҷо мерезад, хатарнок мешавад. Асосан, барангезандаи буғумдард ҳамон чорпои хурд ҳаст. Ҳамин барои мардуми мо хатарнок ҳаст. Мо аз чорпои худ хатар надорем. Аз ҳамон чорпое, ки ба ноҳия барои чарондан меоранд, аз ҳамон дар хатарем. »

Ховалинг, аз ҷумлаи навоҳии кӯҳистонист, ки садҳо ҳектар чарогоҳ дорад ва тобистон рамаву подаҳои хусусиву ҷаъиятӣ аз таҳдашт ба ин ноҳия барои чаронидан бурда мешаванд. Аксари коршиносон афзоиши теъдоди гирифторони бемории буғумдард дар ин ноҳияро дар қиёс ба дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб ба чарогоҳи тобистонаи беназорат табдил ёфтани Ховалинг марбут медонанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар 6 моҳи соли равон се сокини ин ноҳия ба бемории буғумдард мубтало шудаанд ва то кунун тибқи иттилои ғайрирасмӣ беш аз сад сокини ин ноҳия давоми чанд соли ахир ба бемории буғумдард гирифтор шудаанд. Беморие, ки аз ҳайвоноти хонагӣ ба инсон сироят мекунад ва табобат намешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG