Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар мунтахаби наврасони кишвар


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ бар мунтахаби наврасони кишвар бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии ҳарду даста ба бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки моҳҳои сентябр ва октябри соли равон баргузор мешаванд, дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Ҳарсе гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Парвиз Ҳамидов, бозигари мунтахаби ҷавонон, дар дақиқаи 72-юм ҳисобро боз кард. Вале баъди 5 дақиқа Муҳаммадҷони Ҳасан, узви дастаи мунтахаби наврасон, ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Ромиш Ҷалилов, бозигари мунтахаби ҷавонон, дар дақиқаи 89-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии навбатии санҷишии дастаи мунтахаби ҷавонон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров, рӯзи шанбе, 31-уми август, бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе баргузор мешавад.


Бозии санҷишӣ
Тоҷикистон (U-19) - Тоҷикистон (U-16) - 2:1
Голҳо: Парвиз Ҳамидов, 72 (1:0). Муҳаммадҷони Ҳасан, 77 (1:1). Ромиш Ҷалилов, 89 (2:1).
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19): Дилшод Дадобоев, Фирдавс Чақалов, Алишери Ҳотам, Самандари Хайриддин, Зокир Иброҳимов, Вайсиддин Сафаров (капитан), Дилшод Саломов, Шоҳрух Раҷабматов, Ойбек Абдуғаффоров, Мармар Зоиров, Сиёвуш Мӯҳсинов.
Инҳо ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Эмомалӣ Сониев, Муродулло Саидов, Анварҷон Ҳамроқулов, Далер Бердиқулов, Зайниддин Сафаров, Алишер Ҷӯраев, Дилшод Расулов, Мӯҳсин Парпиев, Парвиз Ҳамидов, Ромиш Ҷалилов, Суннатулло Холов, Меҳроҷиддин Музаффаров.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16): Беҳрӯз Хайриев, Алишер Сафаров (капитан), Сӯҳроб Мирзоев, Абубакр Азимов, Сироҷиддин Гулмуродов, Худойдод Узоқов, Кароматулло Саидов, Мухаммадҷони Ҳасан, Сӯҳроб Муъминов, Муҳаммад Шарифов, Собир Гуляков.
Инҳо ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Шаҳром Исмоилов, Фирӯз Бегмуродов, Саидҷон Шарифов, Ҳикмат Муллодӯстов, Ҷамшед Махсумов, Эҳсони Панҷшанбе.
Аз майдон хориҷ шуданд: Меҳроҷиддин Музаффаров (Тоҷикистон U-19), Шаҳром Исмоилов (Тоҷикистон U-16), 75 – барои занозании якдигар.
Сардовар: Холмурод Зардов (Душанбе).
XS
SM
MD
LG