Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯён 12 афғонро ба қатл расондаанд


Дар ду ҳамлаи ҷудогона дар Афғонистон ҷангҷӯён 12 нафарро ба қатл расонданд.

Дар вилояти Пактиё сухангӯи ҳукумати маҳаллӣ гуфт, рӯзи сешанбе дар канори яке аз роҳҳои маҳаллӣ 6 ҷасад ёфт шуд, ки аз тири силоҳи оташфишон ба ҳалокат расидаанд. Масъули ин ҳамла ошкор нашудааст.

Ҳамчуон мансабдорони афғон изҳор намуданд, ки шаби душанбе дар минтақаи Гулрони вилояти Ҳирот 6 ходими идораи хайрияи марбут бо вазорати эҳёи деҳот ва рушд ба қатл расиданд.

Ба қавли мақомот Толибон ин 6 нафаррро шоми якшанбе рабуда буданд.

Дар Кобул бошад, бомбгузори маргталаби савори велосипед ба қатл расид, вале маводи таркандаи ҳамроҳ бо ӯ фаъол шуда, як раҳгузарро маҷрӯҳ намудааст.
XS
SM
MD
LG