Пайвандҳои дастрасӣ

Академик Ҳамид Мансуров дар Лучоб ба хок супурда шуд


Маросими видоъ бо академик Ҳамид Мансуров, қабл аз зӯҳри душанбе дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо ширкати мақомоти давлатӣ ва олимону шогирдони ӯ баргузор шуд.

Ҳамид Мансуров, академики тоҷик ва раиси ифтихории Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии АУ Тоҷикистон, соати 15-00 дақиқаи рӯзи якшанбе дар синни 88 солагӣ дар манзилаш дар маркази шаҳри Душанбе даргузашт. Академик Мансуров тайи ду моҳи охир аз беморӣ ранҷ мебурд.

Нусратулло Файзуллоев, президенти Академияи илмҳои тибби вазорати тандурустии Тоҷикистон дар маросими видоъ, аз академик Ҳамид Мансуров ба унвони олими тавонои соҳаи гастроэнтрология дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ном бурд ва гуфт, ки саҳми ӯ дар илми ҷаҳонӣ беканор аст.

Мамадшо Илолов, раиси Академияи улуми Тоҷикистон, аз хадамоти шоёни академия Мансуров ёдоварӣ карда гуфт, ки Ҳамид Мансуров 65 соли ҳаёти худро сарфи илми тиб карда ва шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Ба гуфтаи ҷаноби Илолов, "маҳз азму талоши Ҳамид Мансуров буд, ки бинои нави Пажуҳишгоҳи гастроэнтрологияи Академияи улуми Тоҷикистон пас аз 30 соли корҳои сохтмонӣ дар соли 2006 фаъол шуд".

Маросими ҷанозии академик Мансуров бо имоматии Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломӣ хонда шуд ва ҷасади ин шахсияти номӣ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.



Зимнан, Ҳамид Мансуров соли 1925 таввалуд шуда мактаби миёна ва Донишгоҳи тиббиро дар шаҳри Самарқанд хатм кардааст. Солҳои 1947 то 1950 аспирант ё унвонҷӯи Академияи улуми тиббии Иттиҳоди Шӯравӣ будааст.

Пас аз дифои рисолаи номзадӣ фаъолияти кориро дар Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯали ибни Синои шаҳри Душанбе шурӯъ намуда ва дар соли 1958 рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад. Соли 1961 сазовори ордени Ленин шуда буд. Соли 1962 Институти гастроэнтеролгияро таъсис мекунад ва роҳбарии онро бар дӯш мегирад.

Ҳамид Мансуров

Ҳамид Мансуров

Дар даҳҳо конфронсу нишастҳои байнулмилалӣ дар Амрико, Бритониё, Маҷористон, Булғористон, Лаҳистон, Олмон, Русия ва ғайра ширкат ва суханронӣ кардааст. Соли 1981 барои саҳми бузург дар илми тиб барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Сино мешавад.

Соли 1976 узви вобаста ва соли 1978 академики Аадемияи Улуми Тоҷикистон интихоб мегардад. Осори илмии ӯ дар садҳо забони дунё мунташир шудааст. Ҳоло раиси ифтихории Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии АУ Тоҷикистон аст. Соҳиби чаҳор писар ва як духтар аст.

Аёми наврасӣ ва ҷавонии Ҳамид Мансуров дар хонаводаи устод Садриддин Айнӣ гузашта дар тарбияи ин адиби бузург ба воя расидааст. Ҳамид Мансуров дар як суҳбати хос бо Радиои Озодӣ аз он рӯзҳо чунин ёдоварӣ карда буд: «Он кас ба ман чун падар рафтор мекарданд. Ҳатто як рӯз худашон гуфтанд, ки Абдуҳамид чӣ мешуд, ки агар фамилияи Айниро гирӣ? Ман гуфтам, акнун барои ин гапҳо дер шуд. Ман алакай табиби машҳур, одамҳо мешиносанд, биёед монед. Вақте ман институтро хатм кардам, он кас як мактуб ба роҳбарияти кишвар навиштанд…».

Ҳамид Мансуров дар тули умир худ дар улуми тибби Тоҷикистон талошҳои зиёд ба харҷ дода ва аз худ 700 кори илмӣ ва 12 китоб боқӣ гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG