Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо кумак ба Мисрро қатъ намекунад


Вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо нооромиҳои ахири Мисрро маҳкум намуданд, вале кумак ба ин кишвар қатъ нахоҳад шуд.

Рӯзи чоршанбе раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хонум Кэтрин Эштон гуфт, ёриҳо ба Миср мавриди пажӯҳиш қарор мегиранд, вале интиқоли кумак ба қишрҳои ниёзманд ва ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар ҳамоно идома хоҳад дошт.

Ба қавли Эштон кишварҳои Иттиҳодия ризоят додаанд, фурӯши силоҳ ва таҷҳизотеро, ки барои таъқиби дохилӣ истифода шуда метавонанд, мутаваққиф кунанд.

Раиси сиёсати хориҷии иттиҳодияи Аврупоӣ аз ҷонибҳои мисрӣ даъват кардааст, ки музокирот ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи хунрезиро оғоз намоянд.

Эштон гуфт, вазирон истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ аз тарафи нерӯҳои амниятии Миср ва хушунат аз тарафи нерӯҳои мухолифи ҳукумати зери назорати низомиёнро маҳкум карданд.

Ҳафтаи гузашта ҳангоми бархӯрдҳои нерӯҳои амниятии Миср ва тарафдорони президенти барканоршудаи ин кишвар Муҳаммад Мурсӣ садҳо нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG